USER MANUAL

WELCOME TO THE OFFICIAL WEBSITE OF THE NATIONAL CENTER OF LEGISLATION UNDER THE PRESIDENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN!

HOW TO WORK WITH THE LEGISLATION BASE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

HOW TO WORK WITH THE OFFICIAL WEBSITE - REGISTRATION AND LOGIN

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

 

Legislation Base of the Republic of Tajikistan

Enter the key word
Enter the number
Enter the key word or phrase
Select the month and year
Select the month and year
Select the month and year
Body:
Classification Number Title Authority Datesort ascending Status Attachment
Конститутсия 1 КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ Active Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon ZIP
Body:
Classification Number Title Authority Datesort ascending Status Attachment
Қонуни ҶТ 395 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ ШӮРОИ ОЛИИ ҶТ Active Package icon ZIP PDF icon PDF Microsoft Office document icon Word

БАЪЗЕ АЗ МАСЪАЛАҲО ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

-A A +A
Submitted by Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович on Fri, 19/12/2025 - 14:40
    Қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, дар айни замон яке аз масъалаҳои мубрам дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
     Мубрам будани омӯзиши асосҳои назариявӣ-ҳуқуқии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, пеш аз ҳама, бо таъсири манфии ин кирдори зиддиқонунӣ ба рушди иқтисодӣ, афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои ғайриқонунӣ, ки аксаран хусусияти ҷиноятӣ доранд, ба иқтисоди давлатӣ вобаста мебошад.
     Хатари ин кирдори ҷиноятӣ дар он ифода меёбад, ки ташкилотҳои молиявӣ ба фаъолияти ғайриқонунӣ дар шаклҳои зоҳирии қонунӣ ҷалб мегарданд, ки аз як тараф, бо сабаби қонунӣ гардонидани чунин муомилот ҳамеша шубҳаро дар миёни субъектҳои муносибатҳои қарзӣ-пулӣ ба вуҷуд намеоранд, аммо аз ҷониби дигар чунин амалҳо натиҷаи ҷиноятҳои дигар буда, ҳадаф доранд тарзи ба даст овардани ин даромадҳоро пинҳон намоянд.
    Даромадҳое, ки қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и шудаанд, заминаи молиявии ҷиноятҳои коррупсионӣ, муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддирро ташкил медиҳанд ва ҳамчун манбаи асосии маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ хизмат мекунанд.
    Бо мақсади муқовимат қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, соли 1989 дар шаҳри Париж бо қарори кишварҳои пешрафтаи саноатӣ Гурӯҳи таҳияи тадбирҳои молиявии муқовимат қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда (Financial Action Task Force, FATF) таъсис дода шуд.
     Бо пайдоиши робитаи устувор байни ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, дар моҳи феврали соли 2012 таҳрири нави Тавсияҳои ФАТФ пешниҳод гардид. Ин таҳрир 40 тавсияи баёншударо дар бар мегирад, ки бо номи «Стандартҳои байналмилалӣ оид ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» маъруфанд [3, c. 14].
     Ҳамзамон, паҳншавии ҳолатҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда то андозае нишондиҳандаи мавҷудияти шабакаҳои нақшаҳои ҷиноятӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ мебошад [2, c. 1]. 
     Дар адабиёти ҳуқуқӣ вобаста ба мазмуни мафҳуми «қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда» андешаҳои гуногун баён мешаванд. Бархе аз муҳаққиқон ба тарзҳои ба даст овардани чунин даромадҳо диққат медиҳанд, дар ҳоле ки дигарон омӯзиши шаклҳои қонунии қонунигардонии ин гуна даромадҳоро муҳимтар мешуморанд [4, c. 2].
      Тибқи банди 7 м. 1 Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” аз 15 марти соли 2023, № 1950 [1] даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда - молу мулк (воситаҳо)-е, ки бевосита ё бавосита дар натиҷаи содир намудани ҷиноят ба даст оварда шудаанд.
     Инчунин, қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда дар Кодекси ҷиноятии ҶТ танзими худро пайдо намудааст. Тибқи моддаи 262 КҶ ҶТ [5] анҷом додани амалиёти молиявӣ ё аҳдҳои дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ки баръало даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мебошанд.
      Дар моддаи мазкур дар эзоҳи он баъзе аз масъалаҳо ба таври возеҳ тафсир гардидаанд.
     Шахсе, ки дар қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда иштирок кардааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҳамин кирдор озод карда мешавад, агар ӯ пас аз содир намудани ҷиноят ихтиёрӣ омада, ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат кунад ва (ё) ихтиёран даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаашро супорида бошад. Маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва дигар молу мулке, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд, инчунин фоида ё дигар манфиатҳое, ки аз ин даромадҳо ба даст оварда шудаанд, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 78 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд.
     Масъалаи дигар қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда мебошад.
     Мувофиқи банди 12 м. 1 Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда - анҷом додани амалиёти молиявӣ ё аҳдҳои дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ки баръало даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мебошанд, бо мақсади рӯйпӯш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк ё бо мақсади мусоидат намудан ба шахсе, ки дар содир намудани ҷинояти асосӣ иштирок намудааст, то ки ӯ тавонад аз ҷавобгарӣ барои кирдорҳои содирнамудааш саркашӣ намояд, инчунин рӯйпӯш ё пинҳон кардани хусусияти аслӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ, ҳуқуқ ба молу мулк ё мансубияти он, инчунин ба даст овардан, соҳибӣ кардан, истифода бурдан ё ихтиёрдории чунин молу мулк.
     Мавриди зикр аст, ки нақши Гурӯҳи Авруосиёӣ оид ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда назаррас мебошад. Гурӯҳи Авруосиёӣ оид ба муқовимат қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм созмони минтақавии ФАТФ мебошад. Гурӯҳи Авруосиёӣ соли 2004 таъсис ёфта, айни замон узви ҳамкори ФАТФ мебошад.
      Гурӯҳи Авруосиёӣ имрӯз аз 9 давлат иборат аст (Белорус, Чин, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Росия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Убекистон). Дар мақоми мушоҳидакунанда 15 давлат ва 23 созмони байналмилалӣ иштирок мекунанд.
     Ҳадафи Гурӯҳи Авруосиёӣ таъмини ҳамкории самараноки минтақавӣ ва инчунин ҳамгироии давлатҳои аъзо ба низоми байналмилалии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мебошад.
    Дигар роҳҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ин ҷорӣ намудани технологиҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад. Дар асоси м. 8 Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”  субъекти ҳисоботдиҳанда уҳдадор аст хавфҳои марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро, ки метавонанд вобаста ба таҳияи маҳсулоту хизматрасонии нав ё усулҳои нави пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд оянд, аз ҷумла механизмҳои нави таҳвилро бо истифода аз технологияҳои нав ё тараққикунанда ҳам барои маҳсулоти нав ва ҳам мавҷуда муайян ва баҳодиҳӣ намояд.
      Ҳамзамон, бо мақсади муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қонунгузории ҷиноятии ҶТ ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст. Муқаррароти м. 179(2) барои бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифодаи онҳо ё бо дарки он аз ҷониби террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст.
      Зери мафҳуми “воситаҳо” дар моддаи мазкур активҳои ҳама навъ, ламсшаванда ё ламснашаванда, манқул ё ғайриманқул, новобаста ба тарзи ба даст овардани онҳо, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва ё санадҳо дар ҳама гуна шакл, аз он ҷумла электронӣ ва рақамӣ, ки ҳуқуқро ба чунин активҳо ва ё иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, инчунин кредитҳои бонкӣ, чекҳои сафарӣ, чекҳои бонкӣ, интиқолоти почтавӣ, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок, облигатсияҳо, векселҳо, аккредитивҳо ва ғайраҳо фаҳмида мешаванд.
     Дар шароити муосир масъалаи қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, масъалаи аҳамиятнок ва мубрам ба ҳисоб рафта, ҳамчун ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа арзёбӣ мешавад.
     Ҳамин тавр, қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда яке аз шаклҳои асосии фаъолияти ғайриқонунии марбут ба ҷинояткории муташаккил, аз ҷумла ҷинояткории фаромарзӣ, ба шумор меравад.
 
Рӯйхати адабиёт:
  1. Қонуни ҶТ “Дар бораимуқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” аз 15 марти соли 2023, № 1950 // // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 13.11.2025).
  2. Мицкевич В.В. Проблемные вопросы применения мер уголовной ответ- ственности за легализацию доходов, полученных преступным путем, и совер- шенствование правового регулирования в данной сфере / В.В. Мицкевич // Наци- ональный правовой Интернет-портал Республики Беларусь. – 2014 [Электрон- ный   ресурс]. –   Режим   доступа:   http://www.pravo.by/novosti/obshchestvenno- politicheskie-i-v-oblasti-prava/2014/july/7084/ (дата обращения: 15.07.2014).
  3. Левакин  И.В. Международное сотрудничество в области противодей- ствия легализации доходов от преступной деятельности / И.В. Левакин, Н.В. Морозов. – М.: Государствоведение и практика. – 2016. – №3 – С. 13–18.
  4. Глотов  В.И.  Финансовая  безопасность  России  –  основа  суверенитета  и  территориальной целостности страны // Вестник экономической интеграции. - 2016. - №8-9. - С. 46-54.
  5. Кодекси ҷиноятии ҶТ моддаи 17 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 13.11.2025).
Исмоилӣ Ифтихор Исроил
муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ
                                                            
Паҳлавонов Сулаймон Каримович
сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ
 оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ
Content rating: 
Average: 5 (1 vote)