Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, омӯзиши ҷиддӣ ва мунтазам, муносибати махсус, муқобилияти комплексӣ ва оперативиро талаб менамояд. Таъсири номатлуби коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, боварии шаҳрвандон ба институтҳои давлати демократӣ таҳияи сиёсати зиддикоррупсиониро дар миқёси умумимиллӣ талаб менамояд, ки бояд воситаи муттаҳидсозии саъю кӯшиши мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҳамаи шакли моликият ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гардад.
Мубориза бо коррупсия иродаи қатъии роҳбарияти сиёсии мамлакат бо мақсади расидан ба тавофуқи (консенсуси) байни ҳамаи қувваҳои солимфикри ҷамъият, вусъати ботадриҷ ва дар амал ҷорӣ намудани сиёсати мубориза бо коррупсия мебошад, ки аз маҷмуи чораҳои ҳаматарафа ва пешгирикунанда дар таъмини ислоҳоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомоти ҳокимият ва махсусан Президенти мамлакат барои мубориза ва муқовимат бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 қайд намуданд, ки «коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вафаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯйӣ карда шавад».
Коррупсия ҳамчун проблемаи ҷаҳони имрӯза муҳокима гардида, таваҷҷуҳ ва ташвишҳои оммаи мардумро ба миён оварда истодааст. Он падидаест, ки ҷомеаро дар тамоми марҳилаҳои рушд ҳамроҳӣ кардааст. Новобаста аз хусусиятҳои давраи таърихӣ, низоми сиёсӣ ва иқтисодӣ ин падида дар ҷомеа арзи вуҷуд дошта, имрӯзҳо низ мавҷудияти худро нигоҳ дошта, шакл ва тамоюли хоси зоҳиршавию инкишофро соҳиб гардидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия гузошта шудааст. Дар замони истиқлолият се маротиба қонунҳо дар бораи муқовимат бо коррупсия қабул карда шудааст. Онҳо мафҳум, моҳият, намудҳо ва дигар унсурҳо ва механизми муқовимат бо ин зуҳуроти номатлубро пешбинӣ намудаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» аз 7 августи соли 2020, №1714 мафҳуми коррупсияро чунин шарҳ додааст: «- коррупсия – кирдоре (ҳаракат ва беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаи давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси вокеӣ ё ҳуқуқӣ» фаҳмида мешавад.
Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.
Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дар бар мегирад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмуи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зиёд қабул гардида, барномаҳои миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд. Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 қабул гардид ва баъдан 25 июли соли 2005 Қонуни мазкур бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд. Соли 2008 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он 31 октябри соли 2003 ҳамроҳ гардидааст, аз ҷониби Парламенти Тоҷикистон - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) карда шуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 тасдиқ гардид. Ҳамзамон қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010, №864 «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, №431 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012» ҳамчун ҳуҷҷати кӯтоҳмуддати давлатӣ дар радифи Стратегия ҳамчун идомаи мантиқии муқаррароти асосии он, ҷиҳати мукаммалгардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 қабул гардид, ки ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида буд. Ҳамин тавр, дар замони истиқлолият як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, аз ҷумла:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016;
- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998;
- Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №455;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи 2020, №1714;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти соли 2007, №233;
- Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, №492;
- Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015, №59;
- Стратегияи мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 тасдиқ карда шудааст.
- Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ карда шудааст.
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010, №864 «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, №431 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012».
Ғайр аз ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2010, №631 «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2010, №626 «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» аз 29 декабри соли 2010, №644; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» аз 25 марти соли 2011, №86; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» аз 25 марти соли 2011, №702; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» аз 25 марти соли 2011, №687; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июни соли 2011, №723; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июни соли 2011, №749; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» аз 28 июни соли 2011, №751 ва дигар қонунҳо заминаи асосии пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсияро ташкил медиҳанд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло овардашуда ва инчунин як қатор дигар меъёрҳои зидди коррупсия ба пешгирӣ ва муқовимат ба рафтори коррупсионӣ нигаронида шудаанд. Ҳангоми дар кирдори кормандон мавҷуд будани нишонаҳои ҷинояти коррупсионӣ онҳо ба намуди ҷавобгарии вазнини ҷиноят мувофиқ ҷалб карда мешаванд.
Дарвоқеъ, сатҳи муқовимат ба коррупсия дар ин ё он кишвар аз сиёсати пешгирифтаи зиддикоррупсионии ҳар як давлат вобастагӣ дорад. Тавре дида мешавад, сиёсати зиддикоррупсионии давлати мо ифодакунандаи иродаи ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо мақсади коҳиш додан ва батадриҷ решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб ва таъмини ҳуқуқу манфиятҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат аз таҳдидҳои бо коррупсия алоқаман равона гардидааст.
Ҳадафи асосии давлат низ дар самти муқовимат бо коррупсия заминаи дурусти ҳамаҷонибаи ҳуқуқӣ ва ташаккули таҷрибаи қавии қонунгузорӣ дар мубориза бо коррупсия мебошад. Дар раванди ташаккули чунин заминаи ҳуқуқӣ, бояд меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ пурра ба назар гирифта шаванд. Ҳамин тавр дар натиҷаи таҳлили асосҳои ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия, бояд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ зиддикорупсионӣ ва салоҳияти шахсони мансабдори давлатӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар самти муқовимат бо коррупсия мушаххас ва муккамал гардонида мешаванд.
Исмоилова Мадина Исмоилована,
сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ
Кулобиев Ёрмадҷон Акрамхонович,
ҳуқуқшинос