USER MANUAL

WELCOME TO THE OFFICIAL WEBSITE OF THE NATIONAL CENTER OF LEGISLATION UNDER THE PRESIDENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN!

HOW TO WORK WITH THE LEGISLATION BASE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

HOW TO WORK WITH THE OFFICIAL WEBSITE - REGISTRATION AND LOGIN

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

 

Legislation Base of the Republic of Tajikistan

Enter the key word
Enter the number
Enter the key word or phrase
Select the month and year
Select the month and year
Select the month and year
Body:
Classification Number Title Authority Datesort ascending Status Attachment
Конститутсия 1 КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ Active Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon ZIP
Body:
Classification Number Title Authority Datesort ascending Status Attachment
Қонуни ҶТ 395 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ ШӮРОИ ОЛИИ ҶТ Active Package icon ZIP PDF icon PDF Microsoft Office document icon Word

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ

-A A +A
Submitted by Ибрагимов Виктор Мухторович on Thu, 09/01/2020 - 18:24
English
Attachment: 
Classification: 
Қонуни ҶТ
Number: 
395
Authority: 
ШӮРОИ ОЛИИ ҶТ
Status: 
Active

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ
ВОБАСТА БА ҚОНУНИГАРДОНИИ МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДЕ, КИ БА ТАВРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАНД

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми якдафъаина оид ба авфро вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди давлатҳои собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, муқаррар менамояд.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- авф – аз ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ озод намудани шаҳвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди давлатҳои дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қарордошта (минбаъд – шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд) барои риоя накардани тартиби истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҷавобгарӣ озод намудани шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи истиқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;

- қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд – раванди бақайдгирӣ, додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд;

- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд – шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе раводид (агар тартиби раводидии вуруд ва истиқомат муқаррар гардида бошад), бе бақайдгирии шиносномаҳо дар ҷойи истиқомат, аз рӯи ҳуҷҷатҳои беэътибор, бе ҳуҷҷат қарор доранд;

- муҳлати қонунигардонӣ – муҳлати пешбининамудаи моддаи 3 Қонуни мазкур, ки дар ин давра шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта метавонанд барои қонунигардонии истиқомати худ аз рӯи маҳали зист ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд.

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Авф вобаста ба қонунигардонӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли 2016 ворид шудаанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вайрон кардани талаботи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, татбиқ карда мешавад.
  2. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсони зерин татбиқ мегардад;

- шахсони бешаҳрванди дорои гувоҳномаи иқомати дар давлати хориҷӣ додашуда, ки муҳлати эътибори он ба анҷом расидааст, шахсони  бешаҳрванде, ки гувоҳномаи иқомати дар давлати хориҷӣ додашударо гум кардаанд ё аз онҳо гувоҳномаи иқомати дар давлати хориҷӣ додашуда гирифта шудааст;

- шахсоне, ки дорои шиносномаи шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ мебошанд ё шиносномаи шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро гум кардаанд ва шаҳрванди давлати хориҷӣ намебошанд, инчунин онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд;

- шахсони дорои шаҳодатномаи таваллуд, ки он аз ҷониби давлатҳои дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қарордошта дода шудааст ё шахсони шаҳодатномаи таваллудро гумкарда, ки шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ намебошанд, инчунин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд;

- шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, шаҳодатномаи таваллуд) нагирифтаанд ва онҳо шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ намебошанд, инчунин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд;

- шаҳрвандони хориҷие, ки онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мансубият ба давлати хориҷиро надоранд, муҳлати амали ҳуҷҷатҳояшон ба охир расидааст ё ҳуҷҷатҳояшон беэътибор мебошанд;

- шаҳрвандони хориҷие, ки дар ноҳияҳои сарҳадии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаи эътиборноки аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ додашуда қарор доранд, вале онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонанд раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас кунанд, шиносномаҳои хориҷиашонро ба қайд гузоранд ва ҳуҷҷатҳояшонро барои истиқомати доимӣ мондан супоранд.

  1. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсони дар қисми 2 ҳамин модда зикршуда татбиқ намегардад, агар онҳо:

- маълумоти бардурӯғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод намоянд;

- узви ҳизб ё ташкилоти дигаре бошанд, ки фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман манъ шудааст;

- бо асосҳои дигар таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор дошта ё дар шакли маҳрумӣ аз озодӣ адои ҷазо карда истода бошанд.

Моддаи 3. Муҳлати қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

Муҳлати қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор доранд, се солро аз рӯзи интишори расмии Қонуни мазкур фаро мегирад.

Моддаи 4. Тартиби қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

1.Қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, бо роҳи бақайдгирии онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои ба истиқомати доимӣ мондан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо додани гувоҳномаи иқомат амалӣ карда мешавад.

  1. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, барои қонунигардонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти корҳои дохилӣ барои бақайдгирӣ бо ариза муроҷиат менамоянд. Пас аз қабули ариза ба шахсони муроҷиатнамуда дар бораи тасдиқи бақайдгирии онҳо маълумотнома дода мешавад.
  2. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди дорои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, гувоҳномаи иқомат, ки дар давлатҳои хориҷӣ дода шудааст, шиносномаҳои давлатҳои хориҷӣ) тартиби пешниҳоди ариза барои додани иҷозати истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида мешавад.
  3. Дар сурате ки шахс ягон ҳуҷҷат пешниҳод карда наметавонад, мақомоти корҳои дохилӣ барои ҷамъоварӣ ва гирифтани маълумот аз ҷойи таваллуди аризадиҳанда, ҷойи будубош ё ҷойи истиқомати охирини ӯ, инчунин аз давлатҳое, ки аъзои оилаи  ӯ ва падару модараш шаҳрвандии онро соҳиб мебошанд, инчунин барои муқаррар намудани шахсияти ӯ ва муайян кардани мансубият ба шаҳрвандии давлати хориҷӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
  4. Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки таҳти амали қонуни мазкур қарор мегиранд, намунаи аризаҳо дар бораи бақайдгирӣ, маълумотномаҳо, китобҳо ва дигар варақаҳо, инчунин тартиби гузаронидани санҷиш барои муқаррар намудани шахсият ва шаҳрвандии онҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ муқаррар карда мешаванд.
  5. Тартиб ва муҳлати баррасии дархостҳо оид ба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ мондан, барасмиятдарорӣ ва додани гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Вобаста ба ҳолати мураккабии кор, ки санҷиши иловагиро барои муайян намудани  шахсияти шахсе, ки таҳти амали ҳамин Қонун қарор мегирад, талаб менамояд, дархост барои мондан ба истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на зиёда аз шаш моҳ аз рӯзи супоридани ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, баррасӣ карда мешавад.

Моддаи 5. Авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

  1. Шахсоне, ки дар қисми 2 моддаи 2 Қонуни мазкур зикр гардидаанд, аз ҷавобгарии маъмурии пешбининамудаи моддаҳои 497, қисми 2 моддаи 498, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 499 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд.
  2. Шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир кардани кирдорҳои дар моддаи 470 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишудаи ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд алоқамандидошта, ки дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур мақоми ҳуқуқии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ гардондаанд, аз ҷавобгарии маъмурӣ озод карда мешаванд.
  3. Шахсоне, ки дар қисми 2 моддаи 2 Қонуни мазкур зикр гардидаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятии пешбининамудаи қисми 1 моддаи 335 ва моддаи 336 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  озод карда мешаванд. Авф нисбати шахсони зикргардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

Моддаи 6. Кафолатҳои давлат нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки мақоми ҳуқуқии худро қонунӣ гардондаанд

Давлат ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандеро, ки мутобиқи Қонуни мазкур мақоми ҳуқуқии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ гардондаанд, кафолат медиҳад.

Моддаи 7. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 8. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

   

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

  

          ш. Душанбе,

18 декабри соли 2019,  № 1652