Мубрамияти мавзуъ: Дар ҷаҳони муосир дар байни муаммоҳои экологӣ яке аз мавқеҳои муосири онро масоили обшавии пиряхҳо ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза ташкил менамояд. Дар давраи Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳамасола роҷеъ ба ҳифзи муҳити зист ва ҳолати экологии сайёра зиёда аз 55 маротиба масъалагузориҳо гардидааст, ки аз ин нишондод бештар аз 10 дастур ва ҳадафҳои пешгузошташударо ташаббусҳо вобаста ба ҳифзи захираҳои обӣ бо назардошти ҳифзи пиряхҳо ташкил менамояд.
Ҳолати мазкур гувоҳӣ он мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то кунун таҷрибаи кофии ҳуқуқӣ, сиёсӣ, идоракунӣ, илмӣ, соҳавӣ ва ташаббускории минтақавию ҷаҳониро дорад.
Дар баробари ин, ҳолати экологии минтақа ва ҷаҳон собит намуда истодааст, ки бояд тамоми давлатҳо нисбат ба ҳифз ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, алалхусус ҳифзу нигоҳдории пиряхҳо тадбирҳои бунёдӣ роҳандозӣ намоянд. Аз ин хотир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 20 солаи охир нисбат ба ҳифзи арзишҳои бунёдии олами табиии ҷаҳони имрӯза яке аз кишварҳои ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ роҷеъ ба ҳифзи муҳити солими зист ва махсусан обу пиряхҳо баромад карда истодааст.
Ба андешаи узви вобастаи АМИТ, профессор Э.С. Насриддинзода “... тамоми ҳадафҳои кишвари мо барои суботи экологии сайёра равона гардида, бештар хислати прагрессивиро доро мебошанд. Яъне тамоми тадбирҳо ва чорабиниҳое, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ҳифзи муҳити зист амалӣ гардонида мешаванд, доираи ояндаи миёнамуҳлат ва дурнамои соҳаи мазкурро фарогир мебошанд”.
Заминаҳои бавуҷудоии асосҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо.
Яке аз масъалаи муҳиму афзалиятнокро дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва ҷанбаҳои ҳуқуқиву иқтисодӣ, идоракунӣ ва илмиву таҳқиқотӣ вобаста ба онро ин асосҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ташкил менамояд. Вобаста ба ин, метавон заминаҳои бавуҷудоии асосҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро чунин муайян намуд:
Якум заминаи бавуҷудоии асосҳои ҳуқуқии ҳифзи пиряхҳоро ин ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат ташкил менамояд. Таҳлили ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат аз он дарак медиҳад, ки чунин ташаббусҳо на танҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии истифодаи захираҳои обӣ, балкӣ ҷиҳати роҳандозӣ намудани ислоҳоти қонунгузории соҳаи об нақши муҳиму созанда ва бунёдӣ доранд.
Зеро, дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти соҳаи об, гузариш ба шаклҳои нави идоракунӣ, таъсиси институтҳои нав ва такмили қонунгузории соҳа ба миён омаданд.
Яъне, маҳз ташаббускори асосӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим, махсусан ҳифзи манбаҳои обӣ, бахусус пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ заминаи муҳими бавуҷудоии асосҳои ҳуқуқӣ дар шакли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи прияхҳо” маҳсуб мегардад.
Дуюм, заминаҳои бавуҷудоии асосҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро ин мавҷудияти таҷрибаи ҳуқуқӣ оид ба танзим ва ҳифзи объектҳои алоҳидаи ҳифзи муҳити зист ташкил менамояд. Агар ба таҳлили қонунгузории ҷорӣ назар афканем оид ба танзими ҳуқуқии объектҳои алоҳидаи ҳифзи муҳити зист қонунҳои алоҳида ва дар доираи ин ё он санади қонунгузорӣ масоили ҳифзу нигаҳдории онҳо мустаҳкам карда шудааст.
Аз ҷумла, дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи хок” аз 16 октябри соли 2009, №555 қабул гардидааст, ки принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо мақсади оқилона ва эҳтиёткорона истифода бурдани хок, нигоҳ доштани сифат, ҳосилхезӣ ва ҳифзи онро аз падидаҳои манфӣ муайян карда, маҷмӯи муносибатҳои бо ҳифзи хок алоқамандро танзим менамояд.
Ҳамчунин, дар доираи муқаррароти Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №761 масъалаҳои ҳифзи ҷангал (фасли 3 ҳифз ва ҳимояи ҷангал), дар доираи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020, №1688 масъалаҳои ҳифзи об (боби 10 объектҳои ҳифзи об), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот” аз 17 майи соли 2004, №31 ва ғайра категорияи алоҳидаи объекти ҳифзи муҳити зист мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор дода шудааст.
Бо дарназардошти маҳз мавҷудияти таҷрибаи ҳуқуқӣ оид ба танзим ва ҳифзи объектҳои алоҳидаи ҳифзи муҳити зист, ки пиряхҳо низ ба низоми мазкур дохил мешаванд, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи прияхҳо” рӯйи кор омадааст.
Сеюм, бо мақсади муайян намудани асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳо ҳамчун объектҳои муҳити табиӣ, муайян кардани сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, принсипҳо, салоҳияти Ҳукумати кишвар, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳифзи пиряхҳо зарурати таҳия ва қабули қонун ба вуҷуд омад.
Ҳамзамон, ҷиҳати дар чорчубаи муайян ба роҳ мондани корҳои омӯзишӣ, илмию таҳқиқотӣ, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳои фаромарзӣ ва дар баробари ин, бобати мушаххас намудани пешбурди сиёсати давлатӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо зарурати таҳия ва қабули қонуни махсус дар ин самт ба вуҷуд омад.
Чорум, мавҷудияти заминаҳои банақшагирии стратегӣ, яъне барномавӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо собит месозанд, ки дар робита ба масъалаҳои экологӣ дар мамлакат аз соли 2000 инҷониб ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла 4 стратегия, 10 барномаҳои давлатӣ, ду консепсия, 4 нақшаҳои миллӣ ва 1 эъломияи нахустини миллӣ қабул ва дар амал татбиқ шуда истодааст. Аз ин нишондод маҳз ба масоили проблемаи обшавии пиряхҳо бошад, то кунун як барномаи давлатӣ бевосита ва 2 стратегия бавосита қабул гардида, амал карда истодаанд.
Бо мақсади омӯзиш, нигоҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030, ки бо
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №209 тасдиқ шудааст, мавриди амал қарор дорад.
Инчунин, дар Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019, №482 тасдиқ шудааст доир ба масъалаҳои камшавии пиряхҳо, обшавии онҳо ва амсоли ин муносибатҳо пешбинӣ гардидаанд.
Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021,
№263 тасдиқ гардидааст, дар самти тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва экология омӯзишу таҳқиқи вазъи пиряхҳои Тоҷикистон ва мониторинги онҳоро бо мақсади
мутамарказгардонии неруи илмию технологӣ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат пешбинӣ намудааст.
Афзалиятҳои ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи прияхҳо».
Бо дарназардошти танзими ҳуқуқии масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо дар доираи қонуни махсус – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи прияхҳо» чунин афзалиятҳои онро метавон баён намуд:
Якум, Қонуни мазкур натиҷа ва дастоварди рушди қонунгузории миллӣ маҳсуб мегардад. Таҳлилҳои мо бозгӯйи он ҳастанд, ки дар низоми қонунгузории давлатҳои дигар, махсусан ИДМ дар чунин шакл дар сатҳи умумидавлатӣ қонуни алоҳида то ҳол қабул нашудааст. Тибқи баъзе сарчашмаҳо, аллакай дар давлатҳои ИДМ иқдом оид ба таҳияи чунин лоиҳаи қонун бо назардошти таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, ки боиси ифтихори ҳар яки мо аст.
Бояд иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи таҳияи қонунҳо бо назардошти хусусиятҳои хос ба низоми сиёсати ҳуқуқии кишварро дорад. Махсусан, бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардидаанд.
Инчунин, дар самти рушди қонунгузории миллӣ матавон иброз намуд, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро пешниҳод намуданд ва аз 24 декабри соли 2022 қабул карда шуд, ки чунин таҷрибаи қонунэҷодкунӣ зимни таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» ба назар гирифта шудааст.
Ба андешаи М.М. Соҳибзода “Воқеан ин иқдомҳо ба рушди устувори низоми қонунгузории миллӣ мусоидат намуданд, ки доир ба танзими соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷомеа чунин қонунҳои хос ба низоми давлатдории мо таҳия ва қабул карда мешаванд”.
Дуюм, афзалияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» дар он аст, ки таҳлили меъёрҳои қонун аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бештари масъалаҳои дар самти мазкур ба таври мушаххас дар Қонуни мазкур танзим гардида, ба санадҳои дигари қонунгузорӣ ҳавола намекунад. Таҳлили муқаррароти Қонуни мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки 97 дарсади муносибатҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо бевосита дар қонун танзим шудааст. Танҳо барои татбиқи ин қонун қабули се санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла, дар асоси сархати сеюми моддаи 7 таъсиси Фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани тартиби истифодаи он, сархати 7 қисми дуюми моддаи 8 пешбурди Феҳристи давлатии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи низоми бақайдгирии пиряхҳо ва захираҳои оби онҳо ва дар асоси қисми 3 моддаи 15 тартиби ташкили шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо, аз ҷумла яхбастагиҳои бисёрсола, қатъ намудани фаъолият ё иваз намудани мавзеи ҷойгиронии онҳо пешбинӣ гардидааст, ки умед аст дар муҳлатҳои кутоҳтарин аз ҷониби мақомотҳои ваколатдори давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии болозикр таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод мегарданд ва дар татбиқи самараноки муқаррароти Қонуни мазкур мусоидати амиқ менамоянд.
Бояд гуфт, ки ин ҳолатҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки пурра механизми татбиқи ин қонун мавҷуд буда, мукаммал будани Қонуни мазкурро бозгӯ менамояд. Ҳол он ки баъзе мушкилотҳо дар қонунҳои соҳаҳои алоҳида ба мушоҳида мерасанд, ки қабули санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқии зерқонуниро пешбинӣ менамоянд, аммо то ҳол қабул нагардидаанд. Қонуни мазкур бо дарназардошти афзалияти мазкур яке аз қонунҳои мукаммал ба шумор меравад.
Сеюм, афзалияти Қонуни мазкур дар он аст, ки бори дигар пешоҳанг будани кишвари моро дар ҳалли масъалаҳои мазкур чи дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ бозгӯ менамояд.
Дурнамои рушди асосҳои ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо».
Воқеан аз қабули Қонуни мазкур агар на он қадар давраи муайян гузашта бошад ҳам, аммо бо дарназардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ муқаррароти қонунгузорӣ ҳам догма набуда, пайваста такмил доа мешавад Вобаста ба ин, ҷиҳати такмили минбаъдаи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» ва рушди муносибатҳо дар самти мазкур якчанд таклифҳоро манзур намудан ба мақсад мувофиқ аст:
Якум, бо дарназардошти муқаррароти қисми 2 моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” зарур шуморида мешавад, ки муқаддимаи Қонуни мазкур такмил дода шавад. Чунки дар асоси моддаи болозикри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” муқаддима қисми таркибии санади қонунгузорӣ буда, дар он мақсади қабул кардани санади қонунгузорӣ, мавзуъ ва вазифаҳои асосии он инъикос карда мешаванд. Таҳлили муқаддимаи Қонуни мазкур собит менамояд, ки дар он танҳо мавзуи санад пешбинӣ шуда, мақсад ва вазифаҳои он истисно гардидааст.
Дуюм, бобати гузаронидани таҳқиқоти илмии пиряхҳо, мониторинги пиряхҳо, пешбурди шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо ва дигар чорабиниҳои он дар қонун мустаҳкам намудани масъалаҳои дастгириҳои давлатӣ зарур мебошад.
Сеюм, яке аз механизмҳои муҳими шарҳу инъикос ва оммафаҳм гардонидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» ин таҳия ва нашри тафсири илмӣ-оммавии он мебошад. Вобаста ба ин, зарур шуморида мешавад, ки бо ҷалби олимону коршиносони самти пиряхшиносӣ ва соҳаи ҳуқуқшиносӣ тафсири илмӣ-оммавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» таҳия ва бо теъдоди муайян нашр карда шавад.
Чорум, дар маҷмуъ бояд зикр намуд, ки ҳалли масъалаҳои экологӣ андешидани чораҳои банақшагирии комплексиро талаб менамояд ва ҷиҳати ҳалли масъалаҳои экологӣ чораҳои гуногуни дорои моҳияти иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, маърифатӣ ва ташкилӣ андешида мешавад. Воқеан барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳо вобаста ба беҳтарнамоии ҳолати кунунӣ, муаммо ва дурнамои соҳаи экологӣ, ки дар қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ таҷассум ёфтаанд, зарур аст корҳои амалии муайян роҳандозӣ карда шаванд.
Дар самти бевосита омӯзиш, нигаҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо боз ҳам зарурати воқеӣ пеш омадааст, ки барои рафъи оқибатҳои талафёбии онҳо ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҷодаи корҳои ташкилӣ, молиявию сармоягузорӣ, технологию мушоҳидавӣ ба таври ҷоннок амалӣ гардонида шаванд.
Одиназода Шоҳрух Хисрав,
Сардори шуъбаи қонунгузории кишофарзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон