Мавриди зикр аст, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати иштироки онҳо дар раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва пайдо кардани дастрасии пурра, саривақтӣ ва ройгон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ ва инчунин иттилооти бо низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ пешбинигардида Тартиби пешбурди Портали интернети иттилоотии ҳуқуқии ҶТ, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29 декабри соли 2018, №617 [2] тасдиқ гардидааст, таъсис дода шуд.
Тибқи сархати якуми банди 4 Тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии ҶТ портали интернетӣ - махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, дар шакли электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пеш бурда мешавад.
Ҳамзамон, Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии танзими худро дар моддаи 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017, №1414 [1] пайдо намудааст.
Қобили зикр аст, ки дар моддаи 93 Қонуни мазкур махзани дигари иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо номи Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тҷикистон пешбинӣ менамояд, ки он ҳам дар шакли электронӣ пеш бурда мешавад. Бинобар ин дар навбати аввал ба мо лозим аст, кифарқияти ин ду маркази иттилооти ҳуқуқиро муайян намоем.
Фарқи асосии ин ду махзан аз он иборат аст, ки агар махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро новобаста аз намуди онҳо дар бар гирад, Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо он санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки ба субъектҳои соҳибкорӣ таъсири имконпазир мерасонанд. Ба таври дигар гӯем дар ин махзани иттилооти ҳамон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгир карда мешаванд, ки мавзӯи танзими боби қонуни тафсиршаванда мебошанд [4, c. 195].
Дар Портали интернетӣ нақшаҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, лоиҳаи ҳисоботҳо оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва матнҳои ниҳоии санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда нашр карда мешаванд [6, c. 23].
Аз ин ҷо фарқи дуюми ин ду махзани электронӣ муайян мегардад. Зеро, агар дар Портали интернетӣ дар қатори матни санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда матни лоиҳаи нақшаҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, лоиҳаи ҳисоботҳо оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳамчунин пешниҳодҳои иштирокчиёни машваратҳои оммавӣ нашр карда мешаванд, дар Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо матни санадҳои меъёрии ҳуқуқие нашр карда мешаванд, ки мавриди амал қарор дода шудаанд.
Ҳамин тариқ аз таҳлилҳои болозикр хусусиятҳои зерини Портали интернетии иттилооти ҳуқуқиро ҷудо намудан мумкин аст:
-
Портали интернети махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад;
-
дар ин махзан танҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектони соҳибкорӣ дошта ҷой карда мешаванд;
-
махзани мазкур дар шакли электронӣ бо забони давлаӣ ва забони русӣ пеш бурда мешавад [4, c. 196].
Масъалаи дигар ин мақоми пешбарандаи Портали интернетии иттилооти ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи қисми 2 м. 39 Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Портали интернетӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ пеш бурда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки қаблан пешбурди Портали интернетӣ аз ҷониби Вазорати адлияи ҶТ амалӣ карда мешуд. Вале, бо дарназардошти ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба м. 39 Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024,
№2024) Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии ҶТ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таҳлили таъсири танзимкунӣ пеш бурда мешавад [10, c. 25].
Тибқи банди 2 қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ» аз 18 ноябри соли 2015, №673 [3] мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ муайян гардидааст.
Барои дарки мазмун ва моҳияти Портали интернетӣ таҳлил ва баррасии таркиби он мутобиқи мақсад мебошад. Тибқи қисми 3 моддаи Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 5 тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии ҶТ Портали иттилооти ҳуқуқӣ аз фаслҳои зерин иборат аст:
- Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ;
- Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон [2].
Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ рӯйхати лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки таҳияи онҳо аз ҷониби субъекти ҳуқуқэҷодкунанда ба нақша гирифта шудааст, дар бар мегирад.
Таҳиякунанда пас аз қабули қарор дар бораи таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ огоҳиномаи дорои маълумоти зеринро ҷойгир менамояд (намуд ва номи санади меъёрии ҳуқуқӣ, маълумот дар бораи таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад, муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ, муҳлате, ки дар муддати он аз ҷониби таҳиякунанда пешниҳодҳо вобаста ба ҷойгир намудани огоҳинома қабул карда мешаванд ва он наметавонад аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ҷойгир намудани огоҳинома дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кам бошад.
Таҳиякунанда лоиҳаи санад ва таҳлили таъсири танзимкуниро дар Интернет- портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир намуда, ҳамзамон онҳоро ба мақомоти ваколатдор ҷиҳати омода намудани хулоса ирсол менамояд [5, c. 45].
Оид ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки барои субъектҳои соҳибкорӣ уҳдадорӣ ва ё маҳдудиятҳоро пешбинӣ менамоянд, инчунин, маълумоти зерин (тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад, баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда, тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад, тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ,арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ, санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор) дарҷ карда мешаванд [7, c. 29].
Мутобиқи банди 10 Тартиби пешбурди Портали мазкур ҳуқуқи ҷойгир кардани огоҳинома дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунии Портали интернетиро танҳо шахсони ваколатдори:
– Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дорои таъсири имконпазир ба фаъолияти соҳибкорӣ мебошанд, доранд [2].
Дастрасӣ барои ҷойгир намудани огоҳинома аз ҷониби Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ пас аз бақайдгирии дахлдор дар Портали интернетӣ пешниҳод карда мешавад.
Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ. Дар асоси зербоби 2 боби 2 Тартиби пешбурди Портали интернетӣ Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро дар бар мегиранд, ки нисбати онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ хулосаҳои дахлдор пешниҳод карда шудаанд. Воридкунии матни пурраи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ ба онҳо аз ҷониби таҳиякунанда ба амал бароварда мешавад [2].
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ метавонанд то ба итмом расидани муҳлати баргузории машваратҳои оммавӣ пешниҳодҳои худро дар робита бо ҷойгир намудани огоҳинома оид ба омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ гузоранд [9, c. 37].
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ҳуқуқи ҷойгир кардани пешниҳодҳои худро вобаста ба ҷойгиркунии огоҳинома дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ пас аз бақайдгирӣ дар Портали интернетӣ бо риояи муқаррароти боби 4 Тартиби мазкур пайдо мекунанд.
Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мутобиқи зербоби 3 боби 2 Тартиби пешбурди Портали интернетӣ Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки расмиёти банақшагирӣ ва таҳлили таъсири тазимкуниро гузашта, аз ҷониби субъекти ҳуқуқэҷодкунанда қабул шудаанд, иборат мебошад [8, c. 16].
Субъекти ҳуқуқэҷодкунандае, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, барои ҷойгир намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ ба Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ нусхаҳои тасдиқшудаи санади меъёрии ҳуқуқиро бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, инчунин дар ҳомили электронӣ мутобиқи муқаррароти банди 35 қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017,
№344 тасдиқ шудааст ва ҳуруфи андозаи 14 пешниҳод менамояд [2].
Мавриди зикр аст, ки дар ҶТ Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии ҶТ аз соли 2019 амал намуда то соли 2025 дар он 116 адад огоҳиномаи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 84 адад лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ ҷойгир гардидааст.
Хизматрасонии Портали интернетӣ ройгон буда, паҳнкунии иттилоот, санадҳои меъёрии ҳуқукӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо аз Портали интернетӣ тавассути шабакаи интернет сурат мпегирад. Аз ин маҳзани иттилооти ҳама шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бемаҳдудият истифода бурда метавонанд. Яъне онро метавонанд ройгон ҷустуҷу кунанд, аз назар гузаронанд, дастрас ва чоп намоянд [1].
Ҳамин тариқ, Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии ҶТ махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, дар феҳристҳои он огоҳиномаи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва худи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади гузаронидани машварати оммавӣ ҷойгир карда мешаванд.
Исмоилӣ И.И,
сардори бахши таҳлили таъсири танзимкунии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фирдавсӣ Г.Р., сармутахассиси бахши таҳлили таъсири танзимкунии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯйхати адабиёт:
-
Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017, №1414 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://
www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 15.06.2025).
-
Тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии ҶТ, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29 декабри соли 2018, №617 тасдиқ шудааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://
www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 22.06.2025).
-
Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар ҶТ, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 18 ноябри соли 2015, №673 тасдиқ гардидааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://
www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 14.09.2025).
-
Холиқзода А.Ғ., Ҳоҷиев М. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ». – Душанбе: Контраст, 2017. – 530 с.
-
Саидзода, И.Ҳ., Мирзоева, Н.Н. Татбиқи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн] / И.Ҳ. Саидзода, Н.Н. Мирзоева // Қонунгузорӣ. – 2018. – №2 (30) – С. 43-46.
-
Акбарализода, Дж.А. Понятие и сущность анализа регуляторного воздействия [Текст] / Дж.А. Акбарализода // Қонунгузорӣ. – 2023. – №1 (49) – С. 21-26.
-
Акбарализода, Дж.А. Правовое регулирование проведения анализа регуляторного воздействия в Республике Таджикистан [Текст] / Дж.А. Акбарализода // Қонунгузорӣ. – 2021. – №3 (43) – С. 29-33.
-
Зариф, У.М. Анализ регуляторного воздействия как перспективный этап нормотворческой деятельности в Республике Таджикистан [Текст] / У.М. Зариф // Законодательство. – 2021. – №1 (41) – С. 16-20.
-
Зариф, У.М. Нақши падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ [Матн] / У.М. Зариф // Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ. – 2022. – №1. – С. 36-43.
-
Зариф, У.М. Таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии экспертизаи таҳлили таъсири танзимкунӣ бо давлатҳои хориҷӣ [Матн] / У.М. Зариф // Қонунгузорӣ. – 2022. – №1 (45) – С. 25-34.