Давлат ва Ҳукумати кишвар ба рушди соҳибкорӣ ҳамеша аҳамияти махсус медиҳад ва барои пешрафти он тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала диққати махсус дода, барои рушди ин соҳаи муҳими ҳаёти ҷаъмиятӣ дастурҳо медиҳад.
Аз ҷумла, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2012 таъкид карда буданд, ки “Рушди соҳибкорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти он, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамалакат аст, зеро соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ, аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани самараи заҳмати табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа мебошад [5].
Дар паёми соли гузаштаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 28 декабри соли 2024 бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 январи соли 2025, №915 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мараторий эълон карда шуд.
Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани шаффофият, ва бартараф кардани монеъаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ созанд ва ташаббусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.
Бо мақсади ташкил намудани шароити мусоид барои дастгирии соҳибкорӣ ва бартараф намудани баъзе монеъаҳои маъмурӣ масъалаи татбиқи падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омад [6, c. 43].
Ҳамин тавр, ҷиҳати дастгирии соҳаи фаолияти соҳибкорӣ ва иштироки онҳо дар раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи таҳлили таъсири танзикунӣ ҷорӣ гардид. Дар ин замина бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2015, №673 тасдиқ гардидааст [2].
Мақсади асосии ҷорӣ намудани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Тоҷикистон тавассути арзёбии мунтазами таъсири санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ба субъектҳои соҳибкорӣ, таҳлили гендерӣ, фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, паст намудани хароҷот ва хавфҳо барои муҳити соҳибкорӣ, ки бо танзими давлатӣ, аз ҷумла тағйироти қонунгузории мавҷуда, алоқаманд мебошад, иборат аст [8].
Мақсади Консепсияи мазкур таҳияи сиёсати таҳлили таъсири танзимкунӣ ва низоми идоракунии он мебошад, ки онро метавон ба воситаи қарорҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ, буҷетӣ ва сиёсӣ ҷорӣ намуд.
Таҳлили таъсири танзикунӣ танҳо нисбат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба субъектҳои соҳибкорӣ таъсири потенсиалӣ доранд, татбиқ мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зарурати қабули қарорҳои муҳим, аз ҷумла зарурати дарёфти тавозун байни вариантҳои гуногуни амалҳо ва андешаҳои манфиатҳои ҷорӣ ва оянда, ташаккули некӯаҳволӣ, ҳифз ва тақсимоти он, таъмини рушди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон мунтазам рӯ ба рӯ мешавад.
Тибқи сархати ҳаждаҳуми м. 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” таҳлили таъсири танзикунӣ – усули қабули қарорҳоест, ки ба далелҳои воқеӣ асос ёфта, ҳангоми қабули қарорҳои танзимкунанда истифода мешавад. Таҳлили таъсири танзимкунӣ раванди ошкор намудан ва арзёбии мунтазами оқибатҳои эҳтимолӣ (масалан, таҳлили фоида ва хароҷот) бо истифода аз усули пайдарпайи таҳлилӣ мебошад, ки ин оқибатҳо метавонанд дар натиҷаи ҷорӣ намудани ин ё он тадбири танзимкунӣ зоҳир шаванд [1].
Таҳлили таъсири танзимкунӣ аз ҷониби аксарияти давлатҳои пешрафта ҳамчунин воситаи калидӣ барои баланд бардоштани сифати қабули қарорҳои танзимкунанда эътироф гардидааст. Мақсади асосии таҳлили таъсири танзимкунӣ баланд бардоштани сифати танзимкунӣ мебошад .
Баъдан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамал оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2018, №355 [3] тасдиқ гардидаст.
Тибқи банди 2 Дастурамали болозикр мақсади таҳлили таъсири танзимкунӣ лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян намудан ва баҳо додан ба оқибатҳои имконпазири мусбат ва манфии иқтисодию иҷтимоӣ қабули лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси таҳлили мушкилиҳо, мақсади танзим ва роҳҳои ҳалли он, ҳамчунин дар лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ошкор намудани муқаррароти воридкунандаи уҳдадориҳо, монеъаҳо ва маҳдудиятҳои барзиёд, ҷорӣ намудани муқаррароти мусоидаткунандае, ки боиси ба миён омадани хароҷоти беасоси шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, иборат мебошад.
Бо мақсади иштироки субъектони соҳибкорӣ дар раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва экспертизаи таҳлили таъсири танзимкунӣ Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29 декабри соли 2018, №617 тасдиқ гардидааст, таъсис дода шуд.
Портали интернетӣ бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати иштироки онҳо дар раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва пайдо кардани дастрасии пурра, саривақтӣ ва ройгон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ (минбаъд санади меъёрии ҳуқуқӣ) ва инчунин иттилооти бо низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ пешбинигардида таъсис дода шудааст.
Бо мақсади муайян намудани доираи иштирокчиёни раванди экспертизаи таҳлили таъсири танзимкунӣ, мавзуъ, субъект ва объекти онро дар таҳқиқоти мазкур мавриди таҳлил қарор хоҳем дод.
Тибқи сархати дуюми банди 4 Тартиби пешбурди Портали интернети иттилоотии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳиякунандаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд.
Субъект дар илми ҳуқуқ иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Дар муносибатҳои таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад, субъектони муносибатҳо ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:
-
таҳиякунандагони лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
-
иштирокчиёни машварати оммавӣ (субъектони фаъолияти соҳибкорӣ);
-
мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад.
Ҳар як иштирокчиён вазифа ва мавқеи хоси худро дар раванди гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад, иҷро менамоянд.
Субъектони мазкур дар раванди гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад, иштирок намуда, ҳар кадоме ба худ хусусияти хоси амалӣ намудани ҳаракат ва фаъолиятро дар раванди таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад, иҷро менамоянд.
Иштирокчиёни муносибатҳои таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлат баромад карда метавонанд.
Субъекти хоси раванди машваратҳои оммавӣ лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад, соҳибкорон ба ҳисоб мераванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз таҳлили таъсири танзимкунӣ гузаронида мешаванд, ки таъсири имконпазир ба фаъолияти соҳибкорӣ дошта бошанд. Бинобар, иштироки бевоситаи соҳибкорон дар ин раванд бояд таъмин карда шаванд.
Қайд намудан лозим аст, ки объекти таҳлили таъсири танзимкунӣ санадҳое мебошанд, ки дар идоракунии давлат дар шакли санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ, чун қоида, дар раванди таҳияи онҳо қабул карда мешаванд, яъне лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фармону қарорҳо ва ғайра.
Мавзуи он бошад муносибатҳое мебошанд, ки асосан дар соҳаи иқтисодӣ байни субъектҳои соҳибкорӣ, ҷомеа ва давлат, ки ба онҳо қарорҳои қабулшудаи танзимкунанда таъсир мерасонанд, мебошанд.
Ба сифати объекти муносибатҳои таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби таҳиякунандагон пешниҳод мегарданд, баромад менамоянд.
Тибқи м. 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба танзими муносибатҳо дар соҳаи соҳибкорӣ равона гардидаанд, мавриди таҳлили таъсири танзимкунӣ қарор дода мешаванд.
Бояд ёдовар шуд, на ҳамаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад, гузаронида мешаванд. Танҳо он лоиҳаҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир мерасонанд, аз таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад, гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки тибқи қисми 2 м. 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки меъёри андоз, андозаи пардохтҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ муқаррар менамоянд, лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин, лоиҳаҳое, ки барои беэътибор донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё қисмҳои алоҳидаи он равона гардидаанд, мавриди таҳлили таъсири танзимкунӣ қарор дода намешаванд.
Хулоса, дар натиҷаи таҳлили қонунгузорӣ маълум мегардад, ки экспертизаи таҳлили таъсири танзимкунӣ субъек ва объекти хоси худро дорад. Субъекти экспертизаи таҳлили таъсири танзимкунӣ пеш аз ҳама соҳибкорон ва таҳиякунандагони лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда объекти он бошад, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад.
Рӯйхати адабиёт:
-
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017, №1414 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии М «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://
www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 10.03.2025).
-
Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2015, №673 тасдиқ гардидааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://
www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 12.03.2025).
-
Дастурамал оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2018, №355 тасдиқ гардидааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://
www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 13.03.2025).
-
Тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №617 тасдиқ гардидааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://
www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 18.03.2025).
-
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 20 апрели соли 2012 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL
https://president.tj/event/missives/49225 (санаи муроҷиат: 09.03.2025).
-
Саидзода И.Ҳ., Мирзоева Н.Н. Татбиқи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Қонунгузорӣ. – 2018. – №2(30) – С. 43-46.
-
Акбарализода Дж.А. Понятие и сущность анализа регуляторного воздействия // Қонунгузорӣ. – 2023. – №1(49) – С. 21-26.
-
Шамсуддинзода А.С. Рушди конунгузории таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL:
https://mmk.tj (санаи муроҷиат: 17.03.2025).
Исмоилӣ Ифтихор Исроил,
сардори бахши таҳлили таъсири танзимкунии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қаҳоров Шаҳбоз Шамсиддинович,
мутахассиси пешбари бахши таҳлили таъсири танзимкунии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон