USER MANUAL

WELCOME TO THE OFFICIAL WEBSITE OF THE NATIONAL CENTER OF LEGISLATION UNDER THE PRESIDENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN!

HOW TO WORK WITH THE LEGISLATION BASE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

HOW TO WORK WITH THE OFFICIAL WEBSITE - REGISTRATION AND LOGIN

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

 

Primary tabs

-A A +A

Wednesday, December 24, 2025

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР

Submitted by Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович on Wed, 24/12/2025 - 14:46
Tajik
Attachment: 
Classification: 
Қонун
Number: 
2215
Authority: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Status: 
Active
Date: 
17.12.2025
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР
23 дек 2025, 17:35
Қонуни мазкур мақом, ҳифзи ҳуқуқ, кафолатҳои иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои самараноки уҳдадориҳои омӯзгорро танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) омӯзгор – шахси дорои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба таълиму тарбия машғул мебошад;
2) мақоми омӯзгор – вазъи ҳуқуқӣ, шаъну шараф, таъминоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор дар ҷомеа;
3) омодасозии омӯзгор – раванди тайёркунӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва аттестатсияи омӯзгор;
4) бозомӯзӣ - таҳсилоти баъдидипломӣ, ки бо мақсади азхудкунии ихтисоси нав гузаронда мешавад. 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми омӯзгор
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми омӯзгор ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. 
Моддаи 3. Принсипҳои Қонуни мазкур
Қонуни мазкур ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) қонуният;
2) инсондӯстӣ;
3) ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии омӯзгор; 
4) мунтазам баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгор;
5) таъмини ҳифзи иҷтимоии омӯзгор;
6) ҳамкории омӯзгор бо падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар раванди таълиму тарбия;
7) дахолат накардан ба фаъолияти касбии омӯзгор;
8) манъи ҷалби омӯзгор ба корҳое, ки бо раванди таълиму тарбия алоқаманд нестанд;
9) манъи санҷиш ва назорати ғайрисоҳавии фаъолияти омӯзгор.
БОБИ 2. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ОМӮЗГОР
Моддаи 4. Дахлнопазирӣ ва ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор
1. Шаъну шарафи омӯзгор дахлнопазир аст. 
2. Шаъну шарафи омӯзгор аз ҷониби давлат ҳифз карда мешаванд. 
3. Амалҳое, ки бевосита ё бавосита ба паст задани шаъну шарафи омӯзгор равона шудаанд, манъ аст. 
Моддаи 5. Ҳуқуқҳои омӯзгор 
Омӯзгор ҳангоми иҷрои фаъолияти касбӣ ҳуқуқ дорад:
1) аз роҳбарияти муассисаи таълимӣ барои иҷрои фаъолияти омӯзгорӣ таъмини шароити заруриро талаб намояд;
2) муносибати эҳтиромонаро нисбат ба касби худ аз ҷониби таълимгирандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда) талаб намояд; 
3) шакл ва усулҳои таълимро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот интихоб намояд;
4) дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва маводи дигари таълимӣ иштирок намояд;
5) бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ озмоишҳои илмию педагогӣ гузаронида, таҷрибаи пешқадамро дар амал татбиқ намояд;
6) дониш, малака ва маҳорати таълимгирандагонро дар раванди таълиму тарбия мустақилона ва воқеъбинона баҳодиҳӣ намояд; 
7) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рухсатии меҳнатӣ барояд;
8) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузарад;
9) барои навовариҳои эҷодӣ ва ихтироъкорӣ дар фаъолияти таълимӣ ҳавасманд гардонида шавад; 
10) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ машғул шавад; 
11) дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъхир гузорад; 
12) дар шароити муассисаҳои таълимӣ ва ё хона ба фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ машғул шавад; 
13) барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон узви иттифоқи касабаи кормандони соҳа бошад; 
14) дар кори идоракунии муассисаи таълимӣ, аз ҷумла фаъо­лияти кори шуроҳо ва комиссияҳо, иштирок намояд;
15) ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
16) шахсонеро, ки ба раванди таълиму тарбия дахл надоранд, ба дарс роҳ надиҳад;
17) ҳангоми расидан ба синни нафақа дар сурати хоҳиш доштан фаъолияти омӯзгориро идома диҳад;  
18) аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд. 
Моддаи 6. Уҳдадориҳои омӯзгор
Омӯзгор уҳдадор аст:
1) раванди таълиму тарбияро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад; 
2) ба амалҳое, ки шаъну шарафи омӯзгорро дар ҷомеа паст мезананд, роҳ надиҳад;
3) таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, атрофиён, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия намояд;
4) шаъну шарафи таълимгирандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда)-ро эҳтиром намояд;
5) барои баланд бардоштани сифати таҳсилот тадбирҳои зарурӣ андешад;
6) дар фаъолияти меҳнатӣ қоидаҳои пӯшидани либосҳои тавсияшударо риоя намояд; 
7) дар раванди таълиму тарбия ба тарғибу ташвиқи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ роҳ надиҳад ва таълимгирандагонро ба азхудкунии ғояҳои сиёсию динӣ водор накунад; 
8) бо таълимгирандагон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ ва вазъи иҷтимоӣ, муносибати беғаразона намояд;
9) аз таълимгиранда барои таҳсил, таъмири биноҳои муассисаи таълимӣ, обуна ба нашрияҳо, гузаронидани дарсҳои кушод, зодрӯзи омӯзгор, занги камолот, рӯзи омӯзгор, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, театр, кино, корҳои ободонӣ, харидани маводи таълимӣ, методӣ, аёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ маблағ талаб накунад;
10) ҳангоми баҳодиҳии сифати таҳсилот меъёри баҳогузориро риоя намояд;
11) уҳдадориҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.
Моддаи 7. Маҳдудиятҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ
Фаъолияти омӯзгории шахсони зерин маҳдуд карда мешавад:
1) шахсоне, ки тибқи санади судӣ аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти омӯзгорӣ якумра ё барои давраи муайян маҳрум гардидаанд;
2) шахсоне, ки тибқи хулосаи тиббӣ дорои бемориҳои руҳӣ ё равонӣ мебошанд;
3) шахсоне, ки воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва ҳаммонанди (аналоги) онҳоро истеъмол мекунанд;
4) шахсоне, ки ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ҷиноят содир кардаанд;
5) шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд;
6) шахсони гирифтори бемориҳое, ки номгӯйи онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда шудааст.
БОБИ 3. КАФОЛАТҲО ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ОМӮЗГОР
Моддаи 8. Кафолатҳо барои омӯзгор
1. Ба омӯзгор аз ҷониби давлат фаъолияти озоди касбӣ кафолат дода мешавад. Муассисаи таълимӣ ба омӯзгор барои гузаронидани раванди таълиму тарбия шароити зарурӣ фароҳам меоварад. Омӯзгор бо маводи таълимӣ, методӣ, аёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ таъмин карда мешавад.
2. Ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Ҷалб кардани омӯзгор ба кору намудҳои фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия алоқаманд нестанд, манъ аст. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва назорати соҳаи маориф ва илм мавриди санҷиш ва назорат қарор дода мешавад.
3. Давлат барои ҳифзи саломатии омӯзгор чораҳои зарурӣ меандешад. Омӯзгор аз муоинаи тиббӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар муассисаҳои тиббии давлатӣ бо хизматрасониҳои солимгардонӣ фаро гирифта мешавад.
4. Давлат ба омӯзгороне, ки дар деҳот фаъолият мекунанд, ташкили шароити заруриро кафолат медиҳад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар доираи имкониятҳои буҷети маҳаллӣ ҷиҳати бо манзили истиқоматӣ ва иҷораи манзили истиқоматӣ таъмин намудани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои заруриро пешбинӣ карда, барои ба онҳо бе навбат ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ чораандешӣ намоянд. 
5. Омӯзгорони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз пардохти андози қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил ба онҳо ҷудо карда шудаанд, озод мебошанд. 
6. Пардохти музди меҳнат ва пардохти маблағи рухсатиҳои меҳнатӣ ба омӯзгор аз ҷониби давлат кафолат дода мешаванд. Батаъхиргузории пардохти музди меҳнат ва пардохти маблағи рухсатиҳои меҳнатии омӯзгор манъ аст. Аз музди меҳнати омӯзгор гирифтани маблағ барои обунаи нашрияҳои ғайрисоҳавӣ, корҳои ободонӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, харидани маводи таълимӣ, методӣ, аёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ манъ аст.
7. Хароҷоти роҳкирои омӯзгорон барои гузаштани курсҳои такмили ихтисос ва сафарҳои хизматии дигари берун аз воҳиди маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби муассисаи таълимӣ пардохт карда мешавад.
Моддаи 9. Ҳавасмандгардонии омӯзгор
1. Омӯзгорон бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ сарфароз гардонида мешаванд.
2. Ба музди меҳнати омӯзгороне, ки дорандаи дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошанд, дар муассисаҳои таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулӣ ба андозаи 30 дарсади маоши вазифавӣ дода мешавад.
3. Ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ки шогирдонашон дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мегиранд, иловапулӣ ба андозаи 20 дарсади музди меҳнати амалкунандаашон дар давоми як соли таҳсили минбаъда пардохт карда мешавад.
4. Ба омӯзгор ҳамасола барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ пардохт карда мешавад. 
5. Ба омӯзгор намудҳои дигари ҳавасмандгардонӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, пешниҳод карда мешаванд. 
БОБИ 4. ДАХЛНОПАЗИРИИ ФАЪОЛИЯТИ КАСБИИ ОМӮЗГОР, ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ДИГАР
Моддаи 10. Дахлнопазирии касбии фаъолияти омӯзгор 
1. Фаъолияти касбии омӯзгор дахлнопазир аст. Омӯзгор ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбӣ аз дахолати мақомоти ғайрисоҳавӣ, таҳқир, зӯроварӣ ва фишор ҳифз карда мешавад. 
2. Амалҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ набояд монеаи иҷрои   вазифаҳои касбии омӯзгор гарданд. Фаъолияти омӯзгор, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми раванди таълиму тарбия мавриди санҷиш ва назорат қарор дода намешавад. Омӯзгор набояд бо дахолати падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва шахсони алоҳида аз раванди таълиму тарбия дур карда шавад. 
3. Мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар вазифадоранд, ки ҷиҳати ҳифзи дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор тадбирҳои зарурӣ андешанд. 
4. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва эҳтироми хосса касб намудани мавқеи ӯ дар ҷомеа мунтазам чорабиниҳои гуногун ба роҳ монда мешаванд. 
Моддаи 11. Вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар
1. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. 
2. Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, оид ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор вазифадоранд:
1) шахсият ва фаъолияти касбии омӯзгорро эҳтиром карда, ба амалӣ гардидани фаъолияти касбии ӯ мусоидат намоянд;
2) омӯзгорро ба кору фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия вобаста намебошад, аз ҷумла хариду фурӯши либоси мактабӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии маблағҳо барои андозҳо, обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо, фурӯши чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, фаъолияти кишоварзӣ, ҷалб накунанд; 
3) ҳавасмандгардонии омӯзгоронро аз лиҳози моддӣ ва молиявӣ ба роҳ монанд, омӯзгорро, ки таълимгирандагонашон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифтаанд, бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардонанд; 
4) фаъолияти касбии омӯзгоронро берун аз раванди таълиму тарбия мавриди санҷиш ва назорат қарор надиҳанд;
5) омӯзгоронро вобаста ба масъалаҳои таълимгиранда берун аз вақти корӣ даъват накунанд;
6) корҳои тарғиботию ташвиқотиро оид ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор ба роҳ монанд;
7) бе зарурат аз омӯзгор маълумотнома дар бораи суд шудан ё таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор доштанро талаб накунанд;
8) барои ба роҳ мондани фаъолияти самараноки касбӣ ба омӯзгор шароити зарурӣ фароҳам оваранд;
9) барои гузаронидани муоинаи тиббӣ чораҳои зарурӣ андешанд;
10) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштан аз такмили ихтисос маблағ ҷудо намоянд;
11) аз омӯзгор барои обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо, чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, корҳои ободонии муассисаи таълимӣ, харидани маводи таълимӣ, методӣ, аёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ маблағ талаб накунанд; 
12) ба омӯзгороне, ки берун аз сарбории муқарраргардидаи таълимӣ сарбории иловагии таълимӣ иҷро мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнати иловагӣ  пардохт намоянд; 
13) барои бе навбат гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба омӯзгоре, ки дар деҳот фаъолият дорад, мусоидат намоянд; 
14) омӯзгоронеро, ки аз воҳидҳои маъмурию ҳудудии дигар ба деҳот барои таълиму тарбия сафарбар мешаванд, бо манзили истиқоматӣ ё маблағи иҷораи манзили истиқоматӣ таъмин намоянд;
15) иловапулӣ ба музди меҳнати омӯзгорро аз лаҳзаи гирифтани дараҷаи тахассусӣ пардохт намоянд; 
16) ба талаб кардани ҳисобот ва ё маълумоте, ки ба фаъолияти омӯзгорӣ алоқаманд намебошад, роҳ надиҳанд;
17) ба омӯзгор барои аъзо шудан ба иттифоқҳои касабаи кормандони соҳа ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳояшон монеа нашаванд; 
18) омӯзгорро ба таври афзалиятнок барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатӣ пешниҳод намоянд.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва назорати соҳаи маориф ва илм мониторинги иҷрои талаботи қисми 2 моддаи мазкурро гузаронида, аз натиҷааш ҳамасола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамоянд. 
БОБИ 5. ОМОДАСОЗИИ ОМӮЗГОР
Моддаи 12. Тайёркунии омӯзгор
1. Омӯзгор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тайёр карда мешавад.
2. Омӯзгор ҳуқуқ дорад дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ ба таври ройгон таҳсилоти олии дуюми равияи омӯзгориро гирад.
Моддаи 13. Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгор
Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 14. Аттестатсияи омӯзгор
Аттестатсияи омӯзгор бо мақсади муайян намудани дараҷаи тахассус ва такмил додани маҳорати касбии ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2215
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №117
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ф. Идизода
ш. Душанбе, 15 октябри соли 2025, №192
 

ТАФСИРИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИИ МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Submitted by Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович on Wed, 24/12/2025 - 14:57
Content rating: 
No votes yet